НОНПАЗӢ
НОНПАЗӢ – ҳунари пухтани нон, ғизои асосии мардуми тоҷик, ки аз орди гандум тайёр карда мешавад. Дар фарҳанги тоҷикон нонҳои гуногун пухта мешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар як тӯю маърака нони хосаи худро дорад: нони хонагӣ, фатир, фатири варақӣ, кулчаи равғанӣ, фатири боҷазза, фатири ширмол, қотурма, чаппотӣ, гирдача, кулчача, нони обӣ, гиҷда, зағора ва ғайра.
Нонро дар танӯр/чакдон/дегдон, тафдон, тоба ва ғайра аз ордҳои асосан гандум ва баъзан ҷав, ҷуворӣ, ҷувории сафед мепазанд. Тарзи пухтани нонҳо гуногун аст. Он аз маҳал, ҷои истифода ва ҳоказо вобаста аст. Нонҳо ҳаҷман хеле гуногунанд, вале шакли нони тоҷикӣ ҳамеша гирд аст.