КУЛОЛГАРӢ

КУЛОЛГАРӢ – хунарест, ки аз лои махсус зарфхову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст. Натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз он шаҳодат медиҳанд.

ДУРЕДГАРӢ

ДУРЕДГАРӢ/НАҶҶОРӢ/ЧӮБКОРӢ – навъи санъати амалӣ буда, ҳунари чӯбкорӣ ва кандакории чӯбро фаро мегирад. Ба маънои васеъ усули коркарди чӯбро гӯянд. Дуредгарӣ таърихи қадима дошта, дар давоми садсолаҳо қисме аз навъҳои он ба дараҷаи олии инкишоф расидааст ва ҳамчун навъи санъати амалӣ ва ҳунармандӣ инкишоф ёфтааст.

ДУЗАНДАГӢ

 

ДӮЗАНДАГӢ– хунарест, ки аз матоъ либос, чизхои рузгорро ва дигар маснуоти заруриро вобаста ба таъиноти он дар шаклаш барои истифода медӯзанд. Аввал ин хунар танхо бо даст ичро мешуд. Дар садсолахои охир инчунин бо мошини дарддузӣ ин хунарро ичро мекунанд.