Ҳамоиши тантанавӣ ба унвонии корнамоиҳои иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи 16 ноябри соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони вазорат ва зерсохторони он ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд ва барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, татбиқи ислоҳоти фарогир ва баланд бардоштани сатҳӯ сифати зиндагии мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.