Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни – Иди Саиди Фитр ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд
Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги – Иди Саиди Фитр аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 10 халта орд, 100 литр равған, 100кг биринҷ, 100кг макарон, 100кг шакар, 50кг шоколад, 50кг кӯлчақанд расонида шуд.