Оғози фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
1 апрели соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 26 октябри соли 2021, №77 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳову ноҳияи мазкур дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баргузор гардид.