Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмин намудани намояндагиҳои дипломатӣ бо маълумоти мунтазам, инчунин барои муаррифии беҳтари имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон 31 марти соли 2022 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Беларус, Белгия, Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Кувайт, Мисри Араб, Олмон, Россия, Туркия, Украина, Фаронса, Швейтсария, Қазоқистон, Қатар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Санкт Петербург, Алмато ва Истанбул дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.