Вохўрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаноби Таеҳо Ли
Рӯзи 2 декабри соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаҳои Якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС, ки 6-8 декабр дар шаҳри Женева баргузор мегарданд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаноби Таеҳо Ли ҳамзамон муҳокимакунандаи Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС вохӯрӣ намуданд.