Новости экономики

Қирғизистон метавонад содироти чорворо манъ кунад

.

Тибқи маълумоти Агентии давлатии танзими зиддиинҳисории назди Ҳукумати Қирғизистон маҳдудиятҳои қаблан ҷорикардаи Қазоқистон ба зиёд шудани содироти ҳайвонот аз Қирғизистон ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон боис гардид. Қазоқистон бо мақсади пешгирии болорави нархи гӯшт дар кишвар ба содироти он маҳдудият ҷорӣ намуд, ки дар натиҷа Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳаҷми хариди чорвои калонро аз Қирғизистон зиёд намуданд. Дар натиҷа аз фурсати муносиб истифода намуда, бисёре аз фурӯшандагон нархҳоро дар Қирғизистон баланд карданд. Аз ин лиҳоз эҳтимол меравад, ки аз ҷониби Қирғизистон низ барои содирот намудани чорвои калон маҳдудият ҷорӣ карда шавад.

Вокуниши Беларус дар робита бо таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА)

.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Беларус дар ҳолати зиёд намудани таҳримҳо аз ҷониби шарикони аврупоӣ тадбирҳои андешидашудаи зиддитаҳримӣ пешниҳод карда мешавад. Президенти Беларус як қатор чораҳоеро, ки Ҳукумати Беларус дар сурати шадидтар шудани таҳримҳои ИА андешидааст, дастгирӣ намуд. Рӯзи 6 ноябр ИА таҳримҳоро бар зидди мансабдорони Беларус, аз ҷумла Александр Лукашенко ҷорӣ намуд. 13 ноябр эълон намуд, ки дар робита ба марги мухолифи давлат Роман Бондаренко таҳримҳоро нисбат ба Минск зиёд менамояд.

Мақоми Ӯзбекистон дар рейтинги ҷаҳонии брендҳои миллӣ

.

Дар байни кишварҳои ИДМ Россия ва Қазоқистон дар рейтинги ҷаҳонии брендҳои миллӣ ҷойҳои худро дар мавқеи 14 ва 44 нигоҳ дошта, Украина дар ҷойи 55-ум, Туркманистон 81-ум, Озарбойҷон 85-ум ва Ӯзбекистон дар ҷойи 61-ум қарор гирифтанд. Дар рейтинги ҷаҳонии брендҳои миллӣ Ӯзбекистон дар 1 соли охир мақоми худро 9 сатҳ беҳтар намуд. Баҳодиҳии брендҳои миллӣ аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ, сиёсат ва муносибатҳои тиҷоратӣ муайян карда мешавад. Мувофиқи мақсад мебошад, ки ҷиҳати шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги мазкур ва муаррифии брендҳои миллии кишвар аз ҷониби масъулин тадбирҳо андешида шаванд.