Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

.

 

Тибқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 июли соли 2020, №1571 кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бекматов Бозоралӣ Мирзоевич - сардори Раёсати сиёсати савдо ва хизматрасонӣ, Зайниддинзода Саидмурод Ҷумъамурод - муовини сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ - сардори Маркази аналитикӣ, бо медали «Хизмати шоиста» ва Восалиев Алишер Абдусатторович - сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолӣ бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.

Нахустин субъекти МОИ «Кӯлоб» расман ба қайд гирифта шуд

.

4-сентябри соли 2020 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои протоколии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин нахустин тасдиқномаи бақайдгирии субъекти Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб"-ро ба соҳибкори ватанӣ роҳбари ҶДММ "Тоҷик Алмос" Бобоев Хайриддин Рустамович тақдим намуд.

ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд

.

Имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное