Вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Оверчук Алексей Логвинович

.

13 августи соли ҷорӣ вохӯрии кории Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Оверчук Алексей Логвинович баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Имрӯз, санаи 3 августи соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

ПРЕСС – РЕЛИЗ: Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазоратдар нимсолаи якуми соли 2020

.

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нишон медиҳад, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ, маҷлиси васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2019, маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати кишвар, сафарҳои кории Роҳбари давлат ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мегардад.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное