Ифтитоҳи корхонаи хусусӣ оид ба истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

.

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ “Сифат пласт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд омодагии худро барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисодиёти миллӣ изҳор намуд.

.

Имрӯз, 19 марти соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисодиёти миллӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд, бахусус намояндагони СММ, Барномаи рушди СММ, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд, САҲА, Агентии рушди байналмилалии ИМА ва дигарон баргузор карда шуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное