Иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ

.

 

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна рушди босуботи иқтисодии кишвар аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид.

Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

.

17 март ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи чоруми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи минтақавии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти назди сарҳадӣ»

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба суръатбахшидани корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи чоруми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи минтақавии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти назди сарҳадӣ» баргузор гардид.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное