
Иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов
29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу
29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.