Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран

.

30 марти соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта, аз ҷумла истеҳсоли ашёи хом, ресандагӣ, матоъҳо, либосҳо, ҳамзамон рушди ҳамкорӣ дар самтҳои истихроҷ, коркард ва содироти сангҳои қиматбаҳо ё нимқиматбаҳо, санги бинокорӣ ва дигар намудҳои ашёи хоми минералӣ, инчунин дар соҳаҳои гидроэнергетика, парвариши ангур, шаробсозӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.