
Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Боздид аз маданияти истифодаи самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
30 июни соли 2020 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и деҳоти Хистеварз шинос шуданд.
Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон
Рӯзи 30 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.