
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Рамзи Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» қабул гардид
Рамз (логотип)-и Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон–Раиси Шӯрои нозирон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ Давлаталӣ Саид қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба МОИ «Кӯлоб».
ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС
Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.
Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.