Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-26 августи соли 2020 роҳбарони вазорату идораҳо таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
25 августи соли 2020 дар рафти сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва ҳайати корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Сипас 26 августи соли 2020 ҷаласаи васеи Сарвазири мамлакат бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони вазорату идораҳо баргузор гардида, гузоришҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин оид ба рафти иҷрои супоришҳои протоколии Сарвазири мамлакат вобаста ба шаҳри Кӯлоб ва Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб шунида шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода вобаста ба таъмини иҷрои супоришҳои протоколии қаблӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.