Мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал - ҷазира”-и Давлати Қатар дар НБО “Роғун”

.

9 сентябр дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ бо хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал - ҷазира”-и Давлати Қатар мусоҳиба анҷом доданд.

Таҷлили “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

.

4 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ карданд.

Забони давлатӣ дар пойдории давлати тоҷикон

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва таъсисёбии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон - муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён ва Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб иштирок доштанд.