Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

2 августи соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2019, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2019 баргузор гардид.

ЭЪЛОН

.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ва Протоколи ҷаласаи Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2019, №2/23-11 ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Зергурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Қабули эътимоднома аз сафирони навтаъин

.

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.