Навиди Вазорат



Мулоқот бо Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкер

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

20 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ мекунем ва манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ, барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин, зиёд кардани қарз барои занони соҳибкор, муҳим шумурда шуд.

http://www.president.tj/node/22520

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное