Соати сиёсӣ барои кормандони вазорат дар мавзӯи "Мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ - терроризм ва ифротгароӣ"

.

Санаи 10 декабри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Вазир - Ҷуразода Тоҷиддин ва бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидов Ҳомидҷон соати сиёсӣ барои кормандони вазорат дар мавзӯи "Мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ - терроризм ва ифротгароӣ" баргузор карда шуд.

Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои марбут ба савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар 8-умин Мизи мудаввари Хитой манзур гардид

.

Рӯзҳои 4-6 декабри соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “8-умин Мизи мудаввари Хитой” баргузор гардид, ки дар кори он мавқеи кишварро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин оид ба “Ташаббусҳои муштарак ва ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)” ҳамчун шарҳдиҳандаи чорабинӣ муаррифӣ намуд.

Ҷавобҳо ба саволҳо барои гузаронидани мусоҳиба бо муҳтарам Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶумҳурииТоҷикистон аз ҷониби хонум Шуҳрат Ориф, муовини сармуҳаррири Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MENA)

.

 

1.Лутфан аҳамияти баргузор кардани ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фанниро дар Қоҳира дар охири моҳи ноябр арзёбӣ мекардед? Дар ҷаласаҳои комиссияи муштарак кадом мавзӯъҳои асосӣ муҳокима хоҳанд шуд? Интизории шумо аз натиҷаи ин мулоқотҳо чӣ гуна аст?