
Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ
Рӯзҳои 26-28 ноябри соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар намуданд.
Амалисозии Барноами ҳуҷҷатгузории рақамӣ дар ВРИС
Имрўз 26 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иќтисод ва савдо тањти роҳбарии муовини якуми Вазир, Завќизода Завќї Амин бо иштироки сардорони воњидњои сохтории вазорат ва намояндагони ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» зери роњбарии хонум Манижа Муњаммад ҷаласа перомуни ҷорӣ намудани Барномаи ҳуҷҷатгузории рақамӣ дар Вазорати рушди иќтисод ва савдо баргузор карда шуд.