Ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

.

Эълон

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати интихоб ва ворид намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 озмун эълон менамояд.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаҳои сармоягузориро тибқи талаботи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани Барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161 тасдиқ гардидааст, таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намоед.

Мӯҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо то 1 августи соли 2019.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: 221 33 42

Табрикоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бахшида ба Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ

.

Ҳамкорони арҷманд!

Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худам ба иди касбӣ- Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар кишварамон ҳар сол рӯзи якшанбеи аввали моҳи июн таҷлил мегардад, самимона табрику таҳният намуда, дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳо ва дар зиндагии шахсиатон бахту саодат орзумандам.

Сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон

.

29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

30 май маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.