Иштирок дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе
21 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иштирокчиёни «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Мулоқот бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чун анъанаи аҷдодӣ ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Гузоштани санги асос барои бунёди Майдони варзишӣ дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат намуданд.