Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва тақдими туҳфа ба 100 ятими кул дар шаҳри Бӯстон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон иншооти хизматрасонии “Бӯстон”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, 25 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Масоҳати умумии бино 0,4 га - ро ташкил дода, сохтмони он моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида буд.
Бинои мазкур аз чор ошёна иборат буда, дорои тарабхонаи муосир барои қабули 150 нафар, меҳмонхона бо 20 ҳуҷра бо 40 ҷой мебошад.
Баъди ифтитоҳи бинои маркази хизматрасонӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кул туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Ин тадбири муҳим, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, боиси хушҳолии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону оилаҳои ниёзмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намудаанд.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакони ятим ва фарзандони аз оилаҳои ниёзмандро бо тақдими туҳфаҳо хушҳол гардонида, таъкид дошатанд, ки онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхории давлату ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии Ватан дастгирии маъюбон, ятимон, бепарасторон ва ниёзмандон дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ҳама иду айём ва ҷашнҳои миллӣ ин амали саховатмандонаву инсондӯстона ба хотири шодию нишоти кӯдакону барҷомондагон ва ниёзмандон, амалӣ мегардад.
http://www.president.tj/node/21162