Анҷумани иқтисодии байналмилалии Ҳисор-3000
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди минтақаҳои алоҳидаи он, чун анъана анҷуманҳои байналмилалии иқтисодиро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамасола баргузор менамояд.
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Сиан
16-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи вазирони масъули робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва савдои берунии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.
Ҷашни Истиқлол дар Вазорат
Бахшида ба 24-уми солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовор аз 700 - солагии шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 7 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, Саидзода Ҷамолиддин ширкат варзиданд.