
Нишасти матбуотї дар нимсолаи якум соли 2018
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар ҷаласаи номбурда Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои зертобеъ ширкат варзиданд.
Баррасии ҳамкориҳо бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр»
4 июни соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр», ки таҳти роҳбарии раиси Гурӯҳи мазкур Шҳям Сингҳания ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”
4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.