Ҳамоиши байналмилалии савдо ва сармоягузорӣ
1 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода ҳамоиши байналмилалии «Савдо ва сармоягузорӣ» бо иштироки ҳайати баландпояи Котиботи Созмони умумиҷаҳонии савдо, масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва бахши хусусӣ доир гардид.