Ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ
15 апрели соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи нахустини васеи Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳони савдо баргузор гардид.