
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон
Ҳамдиёрони азиз!
Фардо иди сайиди Қурбон фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш, иқболи баланд ва файзу баракат орзу менамоям.
Иштироки Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин
4 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари губернатори музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Чжао Ган Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирок ва суханронӣ намуд.
Мулоқот бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
5 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.