Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ масъалаи ҷалби маблағҳоро барои лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» муҳокима намуд

.

  

28 феврали соли 2024 дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар доираи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

28 феврали соли 2024 зери роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой бо иштироки намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Озан Севимлӣ, менеҷери таҷрибаи глобалии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба камбизоатӣ ва баробарӣ ҷаноби Амбар Нараян ва аъзои Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо иштирок намуд

.

  

26 феврали соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар маросими расмии ифтитоҳи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное