
Мулоқоти Умед Давлатзод бо Дидйе Леруа
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазир, Умед Давлатзод бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруа доир гардид.
Бунёди дидбонгоҳ дар МОИ «Панҷ»
29 январи соли ҷорӣ бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода, роҳбарияти Хадамоти гумруки мамлакат ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гузаргоҳи гумрукӣ дар Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» воқеъ дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир ба истифода дода шуд.
Муколамаи соҳибкорони Тоҷикистону Русия
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муколамаи соҳибкорони ҳарду мамлакат баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Г.Бозорова, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат Л.П.Кислякова, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.