Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ёвари Маъмури БРСММ ва Мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони милали мутаҳид (БРСММ) барои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ню Йорк вохӯрӣ намуд

.

Рӯзи 18 июли соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. бо ёвари Маъмури БРСММ ва Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович баргузор гардид.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Форуми сатҳи баланд оид ба фароҳам овардани имконият барои гузаронидани саммити Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд

.

17 июли соли 2023 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дар форуми сатҳи баланд дар сатҳи вазирон оид ба рушди устувор дар мавзуи «Фароҳам овардани имконият барои гузаронидани саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)» иштирок ва суханронӣ намуд.

Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии махсуси СММ бахшида ба Рӯзномаи амали об дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорки ИМА

.

17 июли 2023 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси механизми СММ - об нишасти махсуси Ҳадафи шашуми рушди устувор ва Рӯзномаи амали об доир гардида, дар он расман натиҷаҳои Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Конфронси оби СММ), ки 22-24 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, муаррифӣ гардиданд.