Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Авруосиёи Рушд

.

30 июни соли 2023 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Авруосиёи Рушд (БАОР) Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласаи солонаи Шӯрои БАОР дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд.

Баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

Рӯзи 22 июни соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазир Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.

Иштирок дар семинар - машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

.

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар - машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ карданд.