Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд аз иншооти НБО «Роғун» боздид намуд

.

7 феврали соли 2023 ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Мансур Мухтор баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» боздид ба амал овард, ки дар ин сафар ӯро Вазири рушди иқтисод ва савдо/ мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ намуд.

Мулоқот бо Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар

.

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Россия ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуданд

.

3 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Россия Решетников Максим Геннадиевич вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное