Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии табодули иттилоот дар занҷирҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ

.

31 октябри соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии мубодилаи маълумот дар занҷираҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Мулоқот бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге

.

31 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюгеро ба ҳузур пазируфтанд.

Шиносоӣ аз таҷрибаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти Япония

.

31 октябри соли 2022 зимни сафари корӣ ба Япония муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид аз таҷрибаи муваффақи Япония дар самти ба роҳ мондани таҷрибаи коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти дурдаст ва таъсиси ҷойҳои кории доимӣ барои аҳолии ин деҳот аз фаъолияти Кооперативи кишоварзӣ дидан намуд.