14 Март 2018

Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар нишасти (машварати) кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти прокуратура

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст дар саҳни ҳавлии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат  калиди 18 мошини нави сабукрав ва 3 мошини бо таҷҳизоти криминалистӣ муҷаҳҳазро барои истифодаи хизматӣ тақдим карданд.


Сипас дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ва тарҳи лоиҳаи сохтмони Бинои маъмурӣ дар ҳудуди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ҷорӣ кардани Низоми идоракунии иттилоотии гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ба низоми электронӣ гузаронидани фаъолияти коргузорӣ, дастрасии фаврӣ ба иттилоот ва таъмини идоракунии самарабахши назорати автоматӣ мебошад.

Бинои маъмурие, ки дар ҳудуди Прокуратураи генералӣ бунёд мешавад, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, арзиши сохтмони он 23 миллиону 555 ҳазор сомонӣ, аз он 18 миллиону 566 ҳазор сомонӣ корҳои васлгарию сохтмониро ташкил медиҳад.

Назорати сохтмони иншооти мазкур ба уҳдаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Баъди гузоштани санги асос барои сохтмони бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур доданд, ки дар вақти бунёди иншооти маъмурӣ ба сифати корҳо ва тарҳи меъмории он диққати махсус диҳанд.

Ҷамъоамади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар толори барҳавои маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, мудофиа, прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Зимни баромади хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи кормандони мақомотро бо иди касбӣ ва фарорасии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои кори пуршараф ва пурмасъулият барору комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳа ва фаъолияти кормандони прокуратураро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ карда, барои таъмини волоияти қонун, риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва иҷрои дигар супоришҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Зимни таҳлилҳои амиқ Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳамагуна қонуншиканиҳо дар масъалаи истифодаи замин, бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти пастсифати хурока, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти татбиқи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин пешгирии амалҳои коррупсионӣ, аз байн бурдани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, терроризм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷалб карда, ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои номбаршуда, супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад ҳамчунин дар бораи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат ба такмил ва рушди мақомоти прокуратура давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоии кормандони сохтор, бунёди манзилҳои зист ва тақсими замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ, инчунин дигар қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони мақомоти прокуратураи кишвар андешаронӣ карданд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро бо иди касбӣ ва фарорасии Наврӯз шодбош гуфта, ба онҳо комёбиҳои беназир орзу намуданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, ёрдамчии калони прокурори генералӣ Шоҳин Талбакзода, муовини Прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Муқаддас Почомулло, Прокурори ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Музофирзода ва Прокурори калони вилояти Хатлон Пирзода Парвиз Раҷабалӣ баромад карда, аз номи кормандони прокуратура ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа ва беҳдошти сатҳи иҷтимоию иқтисодии кормандон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное