Феврал 2020

06 Феврал 2020

Ҷаласаи Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

6 феврали соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин вобаста ба татбиқи банди 7-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325), инчунин ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор доир ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Читать далее

05 Феврал 2020

Вохӯрии Вазир бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Ян-Петер Олтерс, Олег Петров (мутахассис оид ба рушди рақамикунонӣ), Михаил Бунчук (мутахассис оид ба рушди рақамикунонӣ) ва дигарон баргузор гардид.

Читать далее

03 Феврал 2020

Ибни Сино

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное