Ҷаласаи Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
6 феврали соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин вобаста ба татбиқи банди 7-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП-1325), инчунин ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор доир ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин пеш аз ҳама таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин тақвият бахшидани корҳо дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни баргузории ҷаласа доир ба сохтор ва шакли лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба аъзои гуруҳҳои корӣ рӯнамо пешниҳод гардида, фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён шунида шуд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати таҳияи барномаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.