Сентябр 2021

23 Сентябр 2021

Иштирок дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок намуданд.

Читать далее

22 Сентябр 2021

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонӣ дар ноҳияи Рашт

21 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Читать далее

21 Сентябр 2021

Ҷаласаи баррасии таҳияи лоиҳаи Чаҳорчӯбаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 бо назардошти афзалиятҳои стратегии кишвар баргузор гардид.

21 сентябри соли 2021 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони оҷонсиҳои СММ ҷаласа ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Чаҳорчӯбаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 ҷиҳати баррасии афзалиятҳои стратегии ҳамкорӣ баргузор гардид.

Читать далее

20 Сентябр 2021

Оғози сафари корӣ дар водии Рашт ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт ташриф оварданд.

Читать далее

18 Сентябр 2021

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Покистон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз руи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Читать далее

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Читать далее

Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши Душанбегии Созмони ҳамкории Шанхай

Шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоишҳои навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмонҳо тайи солҳои фаъолияти муассир ба ниҳодҳои соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Читать далее

17 Сентябр 2021

Шоми дӯстӣ ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва СААД

Шоми имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Читать далее

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Читать далее

16 Сентябр 2021

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

16 сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба кори худ оғоз кард.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное