Навиди Вазорат



Ҷаласаи баррасии таҳияи лоиҳаи Чаҳорчӯбаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 бо назардошти афзалиятҳои стратегии кишвар баргузор гардид.

.

21 сентябри соли 2021 таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони оҷонсиҳои СММ ҷаласа ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Чаҳорчӯбаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 ҷиҳати баррасии афзалиятҳои стратегии ҳамкорӣ баргузор гардид.

Завқизода З. А. самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли 2021 ва ҳафт соли минбаъда, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ муайян гардиданд, ва инчунин дастовардҳои Ҳукумати кишварро дар доираи татбиқи Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак ҷиҳати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022, ки бо афзалиятҳои миллии кишвар ҳамоҳангсозӣ шудаанд, муаррифӣ карданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар дар самти таъмини рушди устувор ва мутавозини иқтисодӣ дар давоми солҳои 2016-2020 рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 млрд сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз руи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Дарозумрии аҳолӣ 1,4 сол зиёд шуда, ба 75,2 сол расид. Фавти модару кӯдак дар ин давра мутаносибан 13,1 ва 26,9 фоиз кам шуд.

Дар самти рушди маориф саҳми назаррас дар тавсеаи фарогирӣ бо таълимоти томактабӣ ва миёна, хусусан дар давраи пандемияи КОВИД-19, ва таҳлили барномаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузошта шуда, зиёда аз 43,000 кудак ба таҳсилоти томактабӣ ва 6,139 кудакони дорои дорои маҳдудияти ҷисмонӣ тариқи таҳсилоти фарогир ба таълим ҷалб карда шуданд. Дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар натиҷаи кӯмак ҷиҳати таҳияи барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва татбиқи онҳо фарогирии шахсони ниёзманд бо барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба 60 фоиз зиёд шуда, дар соли 2020 хароҷот барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 6,4 фоизи ММД-ро ташкил дод. Дар самти таъмини устувории экологӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва дастгирии оилаҳои аз офатҳои табии зарардида дар маҷмӯъ 518.430 нафар (57% занон) дар 20 ноҳияҳои осебпазир аз коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, аз ҷумла ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ баҳравар шуданд.

Хонум Сезин Синаноглу, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳуриро барои ноил гардидан ба рушди назаррас дар давраи татбиқи барномаи ЮНДАФ табрик намуда, барои ҳамкории самаранок ва ба даст овардани натиҷаҳои муштарак ҷиҳати дастгирии аҳолии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён кард. Инчунин мавсуф қайд намуданд, ки созишномаи нави ҳамкорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва СММ инъикосгари ӯҳдадории муштараки мо барои ҳар як нафар дар Тоҷикистон мебошад. Принсипи созишномаи нав гузариш аз 'кӯмак баҳри рушд' ба ҳамкорӣ мебошад ва он аз василаи масъулияти муштараки афзалиятҳо ва натиҷаҳо иборат аст. Созишномаи нав ба дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудааст ва ба натиҷаҳо тамаркуз мекунад. Ин воситаи муҳимтарин барои банақшагирӣ ва амалисозии чорабиниҳо оид ба рушди СММ ва саҳмгузорӣ дар сатҳи кишвар ба дастгирии Рӯзномаи 2030 ва ҲРУ мебошад.

Иқтисодчии дафтари Ҳамоҳангсози Доимии СММ дар Тоҷикистон, Овайс Паррай оид ба шарҳи таҳлили умумии кишвар, Александр Маккензи, мушовири байналхалқӣ ва Виктор Ославский, Намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ вобаста ба афзалиятҳои ҳамкории стратегӣ, Ана Лукатела, Роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози Доимии СММ дар Тоҷикистон ва хонум Нора Саҳатчу, Мушовир оид ба Чаҳорчӯби ҳамкории дафтари минтақавии рушди ҳамоҳангсозии СММ дар бораи қадамҳои минбаъда вобаста ба таҳияи Чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ ва кӯмаки ниҳоди минтақавии СММ ба ҳозирин муаррифномаҳо пешниҳод намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ аъзои кумитаи муштараки роҳбарикунанда аз ҳисоби намояндагони шарикони рушд ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрезии якҷоя ва татбиқи самараноки Чаҳорчубаи нави ҳамкорӣ омодагии худро баён намуданд.