Январ 2022

11 Январ 2022

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовини якум ва муовинони Вазир, Мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Муллоев Маҳаммадӣ Ҷӯраевич, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорат дар соли 2021 ва вазифаҳо то нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Читать далее

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

10 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Читать далее

08 Январ 2022

Бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 8 январи соли 2022 бо иштироки роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.

Читать далее

06 Январ 2022

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, фармон медиҳам:

Читать далее

04 Январ 2022

Паёми Пешвои миллат - барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда

4 январи соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 ҳамоиш баргузор гардид. Дар он роҳбарият, Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Машраб, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

Читать далее

03 Январ 2022

Табрикоти Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова ба муносибати ҷаҳонӣ шудани «Фалак»

3 январи соли 2022 дар партави раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба аёдати ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, баррандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, собиқадори меҳнат Гулчеҳра Содиқова рафта, ӯро ба муносибати аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо - «Фалак» ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидан ва соли нави мелодии 2022 табрик намуда, туҳфаҳо тақдим кард.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное