Навиди Вазорат



Паёми Пешвои миллат - барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда

.

4 январи соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 ҳамоиш баргузор гардид. Дар он роҳбарият, Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Машраб, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

Ҳамоишро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, баён намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда мебошад, зеро дар он ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин давра рушди иқтисодӣ на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад, инчунин солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.

Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Машраб қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва бар ин васила беҳтар намудани нерӯи зеҳнию инсонии кишвар нақши муҳим мебозад.

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифагузориҳо карда шудааст.

Вобаста ба ин роҳбарият ва тамоми кормандони вазорат бо масъулияти баланд тасмим гирифтанд, ки Паёми роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳои Паём чораҷӯӣ менамоянд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат дар самтҳои бахши воқеӣ, савдо, соҳаҳои иҷтимоӣ ва ҷавонон вобаста ба аҳамият ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуданд.