Все статьи
27 Апрел 2021
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
- Подробности статьи
27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далее26 Апрел 2021
Иштирок ва суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор
- Подробности статьи
26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Читать далее23 Апрел 2021
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
23 апрели соли 2021 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид. Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло сухани ифтитоҳӣ намуданд. Лоиҳаи барномаи қайдшуда аз ҷониби муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба тариқи рӯнамо муаррифӣгардида, ҳадафу афзалиятҳо, тадбирҳо, натиҷаҳои пешбинишуда, нақшаи амалҳо ва хусусияти фарқкунандаи он аз барномаи қаблӣ муфассал баён карда шуд.
Читать далееВохурии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Подробности статьи
23 апрели солӣ 2021 дар ҳошияи вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Арипов Аблулла мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Кудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид.
Читать далееБаргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
- Подробности статьи
23 апрели соли 2021 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2020, №74-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 30 октябри соли 2020, №89 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид.
Читать далее21 Апрел 2021
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва бо иштироки Муовини якум, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Читать далееИҷлосияи 69-уми Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) оид ба Пешбурди иқтисоди даврӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ
- Подробности статьи
20-21 апрели соли 2021 бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ Иҷлосияи 69-уми Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) оид ба Пешбурди иқтисоди даврӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид.
Читать далее20 Апрел 2021
Сеюмин семинари минтақавии виртуалӣ дар мавзӯи «Татбиқи харитаи роҳ оид ба рушди долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд
- Подробности статьи
20 апрели соли 2021, сеюмин семинари минтақавии виртуалӣ оид ба татбиқи харитаи роҳ барои рушди долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд тавассути видеоконференсия таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.
Читать далее16 Апрел 2021
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) баргузор гардид
- Подробности статьи
Рӯзи 16 апрели соли 2021 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ дар бинои Вазорати рушди иқктисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. баргузор гардид.
Читать далееМаҳдуд намудани Федератсияи Россия аз низоми пардохти ҷаҳонии Виза ва МастерКард
- Подробности статьи
Маъмурияти нави ИМА на танҳо сиёсати зидди Федератсияи Россияро пурзӯр кард, балки аз низоми пардохти ҷаҳонии Виза ва МастерКард маҳдуд кардани Россияро пешбинӣ кардааст.
Читать далее