Навиди Вазорат



Роҳбари миссияи ХБА оид ба Тоҷикистон тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати ҷумҳуриро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодии Тоҷикистон аз ҳама баланд аст

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Имрӯз вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон ҷаноби Селим Элекдаг дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Завқизода Завқӣ Амин ҷаноби Селим Элекдагро бо таъйин шуданашон ба мансаби нав табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.

Ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ва моҳҳои январ-майи соли 2021, инчунин дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат гуфтушунид намуданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибӯҳронии Ҳукумати кишвар оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва ислоҳоти анҷомдодашуда рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардид.

Инчунин дар моҳҳои январ-майи соли 2021 рушди иқтисоди миллӣ 8,6 фоизро ташкил намуд, ки ин барқароршавии иқтисодиётро нишон медиҳад.

Роҳбари миссияи ХБА оид ба Тоҷикистон тадбирҳои андешидаи зиддибӯҳронии Ҳукумати кишварро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама баланд мебошад.

Ҳамзамон Завқизода З. А. аз ҷониби ХБА дархост намуд, ки бо назардошти вазнин омадани соли 2021 ҷиҳати зиёд намудани дастгириҳои молиявии Шарикони рушд, аз ҷумла ХБА барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, расонидани кумаки техникӣ барои тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҷдиди назар намудани дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное