Все статьи
25 Октябр 2019
Сустшавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Халқии Хитой рушди иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи сеюми соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0 фоиз афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи пасттарин аз семоҳаи якуми соли 1992 то инҷониб ба ҳисоб рафта, нисбат ба дурнамо 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Читать далее24 Октябр 2019
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.
Читать далее23 Октябр 2019
Дар Вашингтон масъалаҳои рушди савдо ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардиданд
- Подробности статьи
Рӯзҳои 21-22 октябри соли 2019 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ҷаласаи навбатии Шӯрои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), мулоқот бо роҳбари аввали Намояндагии тиҷоратии ИМА Роберт Лайтхайзер ва баъзе сармоягузорони амрикоӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.
Читать далееМулоқот бо як гуруҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”
- Подробности статьи
22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гуруҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.
Читать далее22 Октябр 2019
Иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”
- Подробности статьи
22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” иштирок ва суханронӣ карданд.
Читать далее19 Октябр 2019
Мулоқот бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин
- Подробности статьи
19 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далее18 Октябр 2019
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
18 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазир, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ" баргузор гардид.
Читать далееБаимзорасонии Шартномаи маблағгузории Барномаи "Солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ", марҳилаи VI
- Подробности статьи
18 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода ва Роҳбари Дафтари Бонки Олмонии Рушд (KfW) дуктур Андреас Шнайдер байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд маросими баимзорасонии Шартномаи маблағгузории Барномаи "Солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ" марҳилаи 6 баргузор гардид.
Читать далееМасъалаҳо вобаста ба фаъолияти терминалҳои сарҳадӣ
- Подробности статьи
Рӯзи 18 октябри соли 2019 ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки онро Вазири рушди иқтисод ва савдо, Раиси кумита роҳбарӣ намуд.
Читать далее17 Октябр 2019
Мулоқоти Гулрӯ Ҷабборзода бо Доннет Уолтон
- Подробности статьи
Санаи 17 октябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Гулрӯ Ҷабборзода бо миссияи Бонки Осиёгии Рушд (БОР) таҳти роҳбарии Доннет Уолтон - Директори департаменти муҳити зист, захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар Осиёи марказӣ ва ғарбии БОР, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Читать далее