Все статьи
27 Май 2019
Вохӯрии Вазир бо намояндагони БРО
- Подробности статьи
27 майи соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Читать далее25 Май 2019
Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамгироӣ бо савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо баланд арзёбӣ намуд
- Подробности статьи
Рӯзи 24 майи соли 2019 дар мулоқот бо Муовини Директори кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ҷаноби И. Сяожун роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муаррифӣ намуда, корҳои иҷрошударо вобаста ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС қайд намуд.
Читать далееШиносоӣ бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара
- Подробности статьи
Рўзи 24-уми май соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.
Читать далееШиносоӣ бо рафти ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара
- Подробности статьи
24.05.2019 14:21, ноҳияи Данғара
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво шинос шуданд. Айни замон бо истифода аз имкони мавҷуда дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҷамъоварии хуроки чорво идома дорад.
Читать далееМулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон
- Подробности статьи
24 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Читать далееСуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон
- Подробности статьи
24.05.2019 10:59, ноҳияи Данғара
Ҳозирини гиромӣ!
Дар мулоқоти соли гузашта мо масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, роҳбарону масъулонро вазифадор карда будем, ки доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Читать далее24 Май 2019
ИМА боҷи воридоти пӯлодро аз Ҷумҳурии Туркия 2 маротиба кам кард
- Подробности статьи
Хадамоти матбуоти Қасри сафед иттилоъ дод, ки Президенти ИМА боҷи воридотии пӯлодро аз Ҷумҳурии Туркия ду маротиба то 25,0 фоиз кам кард.
Читать далееКомиссияи иқтисодии Авруосиё ҷорӣ намудани асъори ягонаро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муҳим арзёбӣ накард
- Подробности статьи
«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки аъзои Комиссияи иқтисодии Авруосиё Татяна Валовая зарурияти ҷорӣ намудани асъори ягонаро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё намебинад.
Читать далееНизоъҳои тиҷоратӣ рушди иқтисодиёти Хитойро метавонад як банди фоизӣ паст намояд
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти «South China Morning Post» низоъҳои тиҷоратӣ миёни Вашингтон ва Пекин дар соли ҷорӣ рушди иқтисодиёти Хитойро метавонад 1,0 банди фоизӣ паст намояд.
Читать далееИМА нисбат ба ширкатҳои мудофиавии Федератсияи Россия таҳримҳои нав ҷорӣ менамояд
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Департаменти давлатии ИМА 14 май нисбат ба Заводи мошинасозии Москва «Авангард», «Бюрои конструктории асбобсозӣ»-и вилояти Тула ва Маркази таълимии ҳарбии Гатчинои вилояти Ленинград оид ба ҷорӣ намудани таҳримҳо қарор қабул намуд.
Читать далее