Все статьи
02 Июн 2019
Табрикоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бахшида ба Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ
- Подробности статьи
Ҳамкорони арҷманд!
Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худам ба иди касбӣ- Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар кишварамон ҳар сол рӯзи якшанбеи аввали моҳи июн таҷлил мегардад, самимона табрику таҳният намуда, дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳо ва дар зиндагии шахсиатон бахту саодат орзумандам.
Читать далее31 Май 2019
Таъсири манфии низоъҳои тиҷоратӣ ба истеҳсолкунандагони техникаи соҳаи кишоварзии ИМА
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» «The Wall Street Journal» иттилоъ медиҳад, ки боҷҳо ва низоъҳои тиҷоратӣ ба истеҳсолкунандагони техникаи соҳаи кишоварзии ИМА, ки аллакай ба сустшавии талабот аз ҷониби кишоварзон рӯ ба рӯ шуда истодаанд, зарар мерасонанд.
Читать далееПрезиденти Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис додани ширкатҳои нави давлатиро дар кишвар манъ кард
- Подробности статьи
Аз рӯи маълумоти «Вести.Экономика» Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар рафти ҷаласаи Шӯрои миллии сармоягузорон оид ба ҷорӣ намудани моратория барои таъсис додани ширкатҳои нави давлатӣ изҳорот намуд.
Читать далееКумаки молиявии Президенти ИМА ба хоҷагиҳои кишоварзӣ
- Подробности статьи
Мувофиқи маълумоти «Вести.Экономика» Вазири кишоварзии ИМА изҳор намуд, ки маъмурияти Президенти ИМА ба хоҷагиҳои кишоварзии аз рафти низоъҳои тиҷоратии ИМА ва Хитой зарардида ба маблағи 16 млрд. доллар кумакпулӣ ҷудо менамояд.
Читать далееҲукумати Ҷопон баҳодиҳии иқтисодиёти кишварро паст кард
- Подробности статьи
Ҳукумати Ҷопон истеҳсолоти саноатӣ ва дигар соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишварро бо назардошти низоъҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Хитой паст баҳодиҳӣ намуд.
Читать далееИМА ба СУС имкон намедиҳад, ки аъзои мақомоти шикоятии худро интихоб намояд
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар вохӯрии мақомот оид ба иҷозати баҳсҳо боз ҳам натавонистанд раванди интихоби аъзои мақомоти шикоятии СУС-ро бо назардошти мавқеи ИМА оғоз намоянд.
Читать далееПрезиденти ИМА ҷорӣ намудани маҳдудияти иловагии содироти технология аз ИМА ба Хитойро ба нақша гирифтааст
- Подробности статьи
«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи маълумоти «Politico» маъмурияти президенти ИМА тасмим гирифтааст, ки ба молҳои технологияҳои баландсифати ба Ҷумҳурии Халқии Хитой содиротнамуда маҳдудияти бештар ҷорӣ намояд.
Читать далееСафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон
- Подробности статьи
29 май Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
30 май маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар Қасри миллат баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Читать далее30 Май 2019
Мулоқот бо намояндагони Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA)
- Подробности статьи
Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори минтақавии UNFPA барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Аланна Армитаҷ мулоқот намуданд.
Читать далее29 Май 2019
Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
- Подробности статьи
29.05.2019 14:01, Қазоқистон
29 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ карданд.
Читать далее