Қарзи умумии Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 300 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд шуд
Рӯзномаи «South China Morning Post» дар такя ба маълумоти Донишгоҳи байналмилалии молия иттилоъ медиҳад, ки сарбории қарзҳои умумии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар семоҳаи якум назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи якум қарзи Хитой нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (297,0 фоиз) 304,0 фоизи ММД-ро ташкил намуд.
Мутобиқи маълумоти Институти байналмилалии молия қарзи хонаводаҳо дар ин давра аз 49,7 фоизи семоҳаи якуми соли 2018 ба 54,0 фоизи ММД дар семоҳаи якум расида, қарзи давлатӣ дар семоҳаи якум нисбат ба 47,4 фоизи ҳамин давраи соли гузашта то 51,0 фоиз афзоиш ёфт.