Гузориш мухтасар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар натиҷаи сари вақт амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси СOVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ имкон дод, ки вазъият дар баъзе соҳаҳои иқтисоди миллӣ беҳтар гардида, рушди иқтисоди кишвар таъмин гардад.

Суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра, тибқи маълумоти пешакӣ 4,2 фоиз боло рафта, ҳаҷми номиналии он ба 55646,6 млн. сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 3,5 фоиз баробар буд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи саноат ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли маҳсулот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ як силсила тадбирҳои дахлдор амалӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 21,1 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 23,4 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад. Афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,1 ва 8,4 фоизро ташкил додааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки тамоюли мусбии рушд асосан аз ҳисоби истифодаи омилҳои дохилӣ, бахусус аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 10,7 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 8,1 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 8,3 фоиз, аз ҷумла содирот 1,5 маротиба таъмин гардидааст.

Ҳамзамон паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратиамон ба бекор мондани як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат, қатъ шудани парвозҳо, коҳишёбии воридоти сармоя, интиқолҳои пулӣ, технология ва сайёҳони хориҷӣ оварда расонид.

Дар натиҷа ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3 фоиз, гардиши савдо7,3 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 6,9 фоиз (аз ҷумла аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ 18,4 фоиз ва давлатӣ 5,3 фоиз), мусофиркашонӣ 3,8 фоиз, боркашонӣ 0,6 фоиз ва воридот 6,6 фоиз паст шуд.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7616,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо сабаби таъсири пандемияи коронавирус 6,9 фоиз кам шудааст.

Коҳишёбии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ асосан аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағҳои буҷети давлатӣ ба назар расид, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 18,4 ва 5,3 фоиз кам мебошад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3420,3 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз ё 262,0 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми содироти молу маҳсулот 1189,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба ё 420,7 млн. доллар зиёд шудааст. Дар давраи ҳисоботи воридоти молу маҳсулот ба 2231,3 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз ё 158,7 млн. доллар кам гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 сатҳи таваррум 5,1 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 6,3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 3,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 3,7 фоиз ташаккул ёфтааст.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное